Суроҳеро манеҳ соқӣ ба пеши чашми ман холӣ

Ки натавон дид ҷои дӯстон дар анҷумани холӣ

Танамро аз заъифӣ чун ғубор ифшоанд аз доман

Дили худро чунин кард охир аз ман перҳани холӣ

зи тешаи даст агар бардошт , домангир ширин шуд

Муҳаббат кӣ тавонад дид дасти кӯҳкани холӣ ?

Чу хомаи нуктаи пардозии маро дар сафҳа ӣ базмии сет

Ки доим чун нигини онҷо буд ҷои сухани холӣ

Биҳиштӣ чун қафас дар олам эй булбул наме бошад

Аҷаби домии сети ӣнҷо , ҷои мурғони чамани холӣ !

Ба малики ҳинд аз баси хоки ғурбат дилнишинам шуд

Вуҷӯдам кард домони худ аз хоки ватани холӣ

Салими он кас ки гул бар хоки мо дар мастӣ ифшоанд

Мабодо аз гул ва май ҳаргизаши дасту даҳани холӣ