Дил , дар барам гирифту паии ёр ман бирафт

Лаб бӯса доду ҷону равон аз бадан бирафт

Чун дид дил , ки қофила ашк ме равад

Бо корвон равон шуд ва аз чашм ман бирафт

Булбул шунид нолаи ман , дар фироқи ёр

Мастона , наъра Эй зад ва аз хештан бирафт

Он кас ки боз монад зи ҷонон барои ҷон

Юсуф гузошт , дар талаб перҳан бирафт

Он сарви ноз , то зи чаман соя барграфт

Бинишаст оташи гулу об саман бирафт

Аз зулф ҷамъ кард , парокандаи лашгарӣ

Омад , ба қасди хӯнам ва дар омадан бирафт

Бишикаст , қалби лашкари дилҳоу дарпеш

Лашкар бирафт ва он бути лашкар шикан бирафт

Ногуфтанӣаст , рози даҳонаш вале , чаҳ суд

Хӯрдан , дареғ бар суханӣ каз даҳан бирафт

Бозо , ки умри ҷуз нафасӣ нест ва он нафас

Якборагӣ , даромадан ва дар шудан бирафт

Салмони зи шавқ ӯ агарат ҷон бишуд чаҳ шуд

Савдоӣ ӯ нарафт зи ҷону з тан бирафт