Тарки чашми ту , ки бо тир ва камон ме гардад

Бинишон карда дилӣ , аз пай он ме гардад

Ҳар ки сар гашта чавгони сари зулф ту шуд

Ба сари кӯии ту , чун гӯй , бҷон ме гардад

Онкӣ пурсед нишони туу ном ту шунид

Дар паии васли ту , беном ва нишон ме гардад

Мо куҷо дар ту тавонем расӣдан ки фалак

Дар пят бесару по , гирди ҷаҳон , ме гардад

Бори шасти сари зулфи ту , бадуш аз бен гӯш

Май кашами доиму пуштам , чу камон ме гардад

Нест муҳтоҷи баён , қисса ки чун сари дарун

Ҳама бар сафҳаи аҳвол , аён ме гардад

Соқиои ратли гарони хезу сабк , май гардон

Ҳин ки кори тараб аз ратл гарон ме гардад

Зоири каъба ӯ гирди ҳарам , ме гардид

Ин замон , гирди харобот Муғон ме гардад

Шеъри поки сираи холиси салмон , нақдӣ аст

Ки ба номи ту дар офоқ , равон ме гардад