Мспори дил , ба ҳар кас , ки рух чу моҳ дорад

Ба касе сипор дилро , ки дилат нигоҳ дорад

Бар чашм ёр шуд дил , ки зи дида , дод , хоҳад

Аҷаб ар сияҳи дилонро , ғам дод хоҳ дорад

Ту маро магӯӣ воъиз , ки марез , оби дида

Бигзор то бирезам , ки басии гуноҳ , дорад

Хабари харобии ман , з касе , тавон шунидан

Ки дилии харобу ҳоле , зи ғамаш табоҳ дорад

Ман бенаво бар гул , раҳи дам задан , надорам

Ҳасадаст бар ҳазорам , ки ҳазор роҳ дорад

Ту ба ҳасани подшоҳӣ , дили ошиқати раият

Хнкои раиятии кӯ , чу ту подшоҳ дорад

Ба изору шоҳиду хат , бастади рахти дил аз ман

Чаҳ даҳуми ҷавоби он кас , ки хат ва гувоҳ дорад

Натавон дили ҷаҳонӣ , ҳамаи вақфи хеш кардан

Ба ҳамин қадар ки лаъли ту хаттӣ сиёҳ дорад

Ба тариқ лутф мекун , назарӣ ба ҳоли салмон

Ки ҳамин қадари таваққуъ , ба ту гоҳ гоҳ дорад