Ҳар зарра ки аксӣ , зи рухи ёр , надорад
Бо талъати хуршеди бақо , кор надорад
Кӯҳу камару дашт , пар аз нур таҷаллӣ аст
Лекини ҳамаи кас , тоқат дидор надорад
Дар дили туеу рози ту ғайр аз туу розат
Каси роҳи дарин парда асрор надорад
Домани макаш аз ман , ки рафиқи гули нозук
Хорасту гул аз суҳбат ӯ ор надорад
Булбули ҳамаи шаб дар ғами гул бар сар хор аст
Гӯи гули матлаб ҳар ки сар хор надорад
Дар оинааш , ҷумла хилоиқ нигаронанд
Фии алҷмлаҳ , яке , Зуҳра гуфтор надорад
Ҳар оина дорад тараф рӯй ту , зангор
Он оина кист , ки зангор надорад
Дарёб ки афтод , зногаҳ , ба диёрат
Бемору ғариби ин дил ва тимор надорад
Дар чашми ту зӯҳҳоди намоянд , ки чашмат
Мастасту ғами мардум ҳушёр надорад
Дорам ғами ҷону дили бемор ва дар ин ҳол
Онкас кунадам айб , ки бемор надорад
Оварад ба куфри шикани зулфи ту , салмон
Иқрору бад-ӣни кеш , кас инкор надорад