Ёрам ба вафои ваъда басӣ дод ва ҷафо кард

Ҳар ваъда ки онам ба ҷафо дод , вафо кард

Меҳри ту бар ойӣнаи дили пуртӯии андохт

Монандаи моҳи навами ангушт намо кард

Ҳар ҷавр ки дидам зи ҷаҳон , ҷумлаи ҷафо буд

Ин буд ҷафояш ки маро аз ту ҷудо кард

Мискини сари зулфат ки сабо рафт ва кашидаш

Бар бӯяш агар маст нагашт аз чаҳ раҳо кард ?

Бар зулфи ту то ин дил якто биниҳодам

Бори дили ман зулфи туро пушт дўто кард

Ҳарчанд ки чашми ту хаданг мижа орост

Зад бар ҳадафи сина , бар онам ки хато кард

Шуд боди сабо бар дили ман сард аз он рӯз

Кӯ рафту ҳадиси сари зулфати ҳама ҷо кард

Салмон агар аз ишқ бинолад , макунаш айб !

Бо ӯ ғами ишқи ту чаҳ гӯям ки чҳо кард ?

Булбул макун аз гули гила бисёр , ки оварад

Сад барг барои туу карт ба наво кард