Боди саҳар аз кӯии ту бӯе ба ман оварад
Ҷонҳоши фидои бод ! ки ҷонро ба тан оварад
Дилҳои зи худ рафтаи моро ки ғамат дошт
Омад саҳарии буии ту бо хештан оварад
Дилҳо шуда буданд ба як борагӣ аз ҷон
Лутфат ба саломати ҳамаи шан бо ватан оварад
Шуд дидаи ёқӯби мунаввар ба насимӣ
Каз Юсуфи Мисраши хабар перҳан оварад
Ин роиҳаи машки зи дашт хутан омад ?
ё буи Увайсаст ки бод аз Яман оварад ?
Дар боғи магари базм сабӯҳаст , ки гул ро
Аттори саҳаргоҳ ба дӯш аз чаман оварад ?
Он қатра арақ нест ки бар оризат афтод
Обӣаст ки бо рӯй гул ёсуман оварад