Дилӣ ки шефтаи ёр дилрабо бошад
Ҳамеша зору парешон ва мубтало бошад
Балӣ аҷаб набӯдгар буд парешони ҳол
Гадо ки дар талаби васл подшо бошад
Баҳонаи ту рақибаст ва нест ин мсмўъ
Рақибро чаҳ маҳалгар туро ризо бошад
Ҷафои душману ҷаври рақибу таънаи халқ
Хушаст бар дил агар дӯстро вафо бошад
Агар туро гузарӣ бар ман ғариб уфтад
Ва ё туро назарӣ бар ман гадо бошад
Аз он тараф напазирад камол ӯ нуқсон
Вазин тарафи шарафи рӯзгор мо бошад
Фигори гашт ба хӯни ҷигари дили салмон
Битарс аз онкии баду некро ҷазо бошад