Моро ки шӯри лаълаш , дар сар мудом бошад

Савдои бода пухтан , савдоӣ хом бошад

Аз ҷоми бодаи ҳосил , як соъатаст мастӣ

Вази шукри лаб ӯ , скрӣ мудом бошад

Бо қади ту санавбар , дар чашм мо наёяд

ӯ кист то қадатро , қоим мақом бошад ?

Ҷони хости лаълат аз ман ,гар май баради ҳалолаш

Ҷон то лаб ту хоҳад , бар ман ҳаром бошад

Соқӣ ба нотамомон , май даҳ тамом ва аз мо

Бигузар ки пухтагонро , бӯе тамом бошад

Бо ин ҳамаи ғами дил , гар мекунӣ қабулам

Иқболи ҳиндӯии ман , шодӣ ғулом бошад

эй сад ҳазор толиб , ҷӯёии дарди ишқат !

Махсӯси ин саодат , то худ кадом бошад ?

Дар силки бандагонат гар нест номи мо ро

Дар номаи гадоён , бошад ки ном бошад

Субҳ азал нишастам , бар остони ишқат

Зин дар қиёми салмон , шом қиём бошад