Чу зулфи онро ки савдоӣ ту бошад

Сараш бояд ки дар пой ту бошад

Бурун кардам зи дили ҷонро ки ҷон ро

Наме зебад ки бар ҷой ту бошад

Хушо он дил ки бемор ту гардад

Дилиро ҷӯ ки ҷӯёӣ ту бошад

Дил гум гаштаамро гар биҷӯе

Дар он зулфи самани соӣ ту бошад

Агар чаҳ ҳасани гули сад рӯй дорад

Куҷо чун рӯй зебоӣ ту бошад ?

Нагунҷад ҳеҷ дигар дар дили он ро

Ки дар хотири таманноӣ ту бошад

Агар чаҳ сарв дилҷӯе кунад арз

Куҷо чун қади раъноӣ ту бошад ?

Сару сармоя Эй дорад ҳамаи кас

Марои сармояи савдоӣ ту бошад

Бисӯзад санг бар ман , гар насузад

Дил чун санги хороӣ ту бошад

Ман бедили куҷо пинҳон кунам дил ?

Ки он эмини зиғмоӣ ту бошад

Ман мискини кадомин гӯшаи гирам ?

Ки он холии зи ғавғоӣ ту бошад

Ҷаҳон ҳар лаҳзаи салмонро ки дар гӯш

Кунад дарии зи дарёӣ ту бошад