Назарӣ кун ки дил аз ҷаври фироқат хӯн шуд

Нест дилро ба ҷуз аз дидаи раҳ берун шуд

Нотавон буд дил хаста надонам чун рафт ?

Ҳоли он хаста бидонед ки охир чун шуд ?

То шудам даври зи хуршеди ҷамолат , чу ҳилол

Асари меҳри туами рӯз ба рӯз афзӯн шуд

Дар ҳавои гули рухсори ту эй гулбуни ҳасан

эй басои рух ки дарин боғ ба хӯн гулгун шуд

Ғунчаро пеши даҳони ту сабо хандон ёфт

Ончунон бар даҳанаш зад ки даҳани пар хӯн шуд

Сӯрати ҳасан ту зад акси таҷаллӣ бар дил

Нақши худ дар ойӣна бар ӯ мафтӯн шуд

Кор баракс фитод ойӣнау Лайлӣ ро

Ойӣнаи Лайлӣу Лайлии ҳамагӣ маҷнӯн шуд

Пеши азин сӯрати гул бо ту таъаллуқи салмон

Беш азин дошт , тасаввур накунӣ акнӯн шуд