Ҷон чу бишунид ки он ҷони ҷаҳон боз омад

Аз сари роҳи адами рақси кунон боз омад

эй дили рафтаи зи пеши ману озурда ба ҷон

Лутф кун бо ману бози ой ки ҷон боз омад

Субҳи иқболи ман аз кӯҳи амли сар бар зад

Бахти бедори ман аз хоби гарон боз омад

Рафт ва мегуфт ки оем з дарат рӯзии боз

Ҳар чаҳ ӯ гуфт азин боб бидон боз омад

Бас ки чашмам чу суроҳеи зи ғамаш хӯн бигирист

То ба комам чу қадаҳи хандаи занон боз омад

Умри мозӣ чу хабар ёфт ба истиқболаш

Ҳоле аз роҳ бипечед Аннан боз омад

Дар пай ӯ дил саргашта ноёфта ком

Рафт ва гардид ҳамаи куну макон боз омад

Чаҳ тпӣ эй тани хушкида чу моҳӣ дар хушк !

Ҷони бпрўр ки ба ҷӯй , оби равон боз омад

Ҷон бар афшон ба ҳавояш чу насим эй салмон !

Ки баҳори ту алорақми хазон боз омад