Чашми махмури ту мисатонро ба ҳам бар ме занад
Шӯри ишқат , ошиқонро ҳалқа бар дар ме занад
Дил ҳаме нолад чу чанги ишқи тези оҳанг ӯ
Дар дили ушшоқ ҳар дами роҳ дигар ме занад
Чашми айёрат ба қасди хӯни халқӣ , дам ба дам
Теғҳои тири мижгонро ба ҳам бар ме занад
Гавҳари кон аз куҷо ёбад дили ман чу мудом
Қуфли ёқӯти лабат бар дарҷ гавҳар ме занад