Хаёли зулфи ту чашмам ба хоб ме бинад
Дилами зи шамъи ҷамоли ту тоб ме бинад
Касе ки чашмаи оби ҳаёти лаъл ту дид
Бурун аз он ҳамаи олам сароб ме бинад
Ба ғайри ишқи ту дар дида ҳар чаҳ ме ояд
Назари муъоинаи нақшаш бар об ме бинад
Надими чашмам аз онаст чашми махмурат
Ки дар зҷоҷии чашмам шароб ме бинад
Хаёлаш аз дил ва чашмам намеравад берун
Куҷо равад ки шароб ва кабоб ме бинад
Дило магарад ба аҳдаши қавӣ ки аҳди ҳабиб
Хиради заъиф чу аҳд ҳубоб ме бинад
Ниҳоди дил , ҳамагӣ бар вафоӣ ӯ салмон
Ниҳоди хеш аз он рӯ хароб ме бинад