Навбаҳору ишқу мастӣ , хосса дар аҳди шабоб
намекунад , бунёди мастурии мастурон , хароб
Ғунчаи мастури соҳибдил , наме бинӣ ки чун
Башнавад , буии баҳор , аз пеш бардорад ниқоб
Буии ъушрат дар баҳор , аз лола меояд ки ӯст
Дар дилаш , савдои ишқ ва дар сараши ҷоми шароб
Даври бод , аз наргиси соҳиби назар чашм бидон
Кӯ чу чашмат , бар намедорад сар аз мастӣу хоб
Муддаӣ манъам макун , дар ошиқӣ , зеро ки нест
Ақлро бо печу тоби зулфи хубон , ҳеҷ тоб
Чашми наргиси дил ба яғмои бараду ҷон ,гар май барад
Тарки сармасти муъаррабадро , ки мегуяд ҷавоб ?
эй баҳор рӯй ҷонон ! гул бурун омад зи маҳд
То ба кӣ бошад гули рухсор аз мо , дар ҳиҷоб ?
Нусхаи ҳасани рахтро арз кун бар ҷӯйбор
То варақҳои гули насрин , фурӯ шавед ба об
Булбулони авсоф гул гӯйанд ва мо васфи рахт
Мо дуои подшоҳи Комрони комёб
Сояи лутфи илоҳӣ , дндии султон ки ҳаст
Осмони салтанатро ройу рӯйиши офтоб