эй умри бози рафта , наме ое аз сафар
Вай бихуфт хуфта , ҳеҷ надории зи мо хабар
Мо ҳамчунон хаёл ту дорем , дар димоғ
Мо ҳамчунон ҷамол ту дорем , дар назар
Аз буии ту ҳануз насимаст бо сабо
Ваз рӯй ту ҳануз нишонеаст дар қамар
Сар мезанем бар дар савдои васл ва ҳеҷ
Аз сари хаёл васл нахоҳад шудани бадар
Дил рафт ва умр рафт ва равон рафту баъди азин
Моиему оҳи сарду лаби хушку чашм тар
Рафтӣ ва дар паии ту на танҳо диласту бас
Ҷони азиз низ равонаст , бар асар