Заҳмати мо май диҳӣ , зоҳиди туро бо мо чаҳ кор

Ақлу дайну зуҳдро бо ошиқи шайдо чаҳ кор ?

намехӯрд сӯфии ғами фардо ва мо май ме хӯрем

Мард имрӯзем , моро бо ғами фардо чаҳ кор ?

Ҷои айёрон сарбозаст кӯии ошиқӣ

эй сломтҷўӣ бирав биншин , туро бо мо чаҳ кор ?

Рози лаъли шоҳидон бар зоҳидӣ пӯшида аст

Муттақеро дар миёни маҷлиси саҳбо чаҳ кор

Мо зи савдои ду чашми оҳӯе сар гашта ем

Варна ин саргаштаро дар кӯҳ ва дар саҳро чаҳ кор ?

Дил барои гавҳарӣ аз роҳи чашмам рафта аст

Ҳар киро гавҳар наёяд , дар дили дарё чаҳ кор ?

Дайну дунё ҳар ду бояд бохт дар бозори ишқ

Мардум кам мояро худ бо чунин савдо чаҳ кор ?

Мо шаробу шоҳиду кӯй Муғон донему бас

Бо салоҳи тавбау ҳаҷу ҳарами моро чаҳ кор ?

То напиндорӣ ки салмонро назар бар шоҳидаст

Масти ҷоми ишқро бо шоҳиди раъно чаҳ кор ?

Ишқ агар зебо буд , маъшуқаи гӯ зебо мабош

Ишқро бо сӯрати зебоу нои зебо чаҳ кор ?