Зулфин сияҳи хам ба хам андар задае боз

Вақти ман шӯрида ба ҳам бар задае боз

Зон рӯй накӯ чашм бидон давр ки имрӯз

Бар ма задае таъна ва дар хур задае боз

Аз ғолия расмӣ задае бар гулу шукр

Имрӯзи ҳама бар гул ва шукр задае боз

Бар соғар айшам задае санги валикин

Бо ту чаҳ тавон гуфт ки соғар задае боз ?

Ман сар чу қалам бар хати савдоӣ ту дорам

Бо инки ман сар задаро срздаҳ эй боз

Аз дӯди ман сӯхтаи зинҳор ҳазар кун !

Коташ ба ман сӯхтаи дил дар задае боз

Нақди сираи қалб ки полудаам аз чашм

Бар сикка рӯем ҳама бо зар задае боз

Шабҳо з ғаматаст кабӯтари дили салмон

Дарёб ки бар сайд кабӯтар задае боз