Бар гул рафтам аз ғолия тар задае боз
Гулро ба хати насхи қалам дар задае боз
Гулро зи раҳеи сохтае аз гиреҳи зулф
То роҳи кадомин дил ғмхўр задае боз
Бар гул задае ҳалқа ва бар танги шукри қуфл
Имрӯзи ҳама бар гул ва шукр задае боз
Он жола субҳаст ва ё об ҳаёт аст
ё оби гули тарка ба гул бар задае боз
Гулро ба чаҳ дил ханда барояд зи хиҷолат ?
Баси ханда ки бар рӯй гул тар задае боз
Ҳар сими сиришкам ки равон буд ба савдо
Бар сикка рӯем ҳама бо зар задае боз
Бар соғари мо санги ҷафо май занӣ эй дӯст !
Бо ту чаҳ тавон гуфт ки соғар задае боз ?
Ҳамчун қалами андари хатам аз зулфи ту зирок
Бевоситаам ҳамчуи қалами срздаҳ эй боз
Гуфтӣ ки ба ҳам бар назанам кори ту , салмон !
Дар ҳам задае зулф ва ба ҳам барзадае боз