Корҳо дорад дили ман бо лаби ҷонон ҳануз

Даври ҳасанаши рост акнӯн аввали даврон ҳануз

Дар баҳори ҳасанаш аз сад гул яке нашукуфта аст

Гирди гулзораш кунун бар май дамади райҳон ҳануз

Рӯзӣ аз чавгони зулфи дӯсти тобӣ дида ам

Лоҷарам чун гӯй мегирдем саргардон ҳануз

Бар сари бозори олами рози ман дар ишқи ту

Ошкоро шуд вале ман мекунам пинҳон ҳануз

Ҳамчунон савдоӣ зулфат медиҳад ташвиши дил

Ҳамчунон хатат тасарруф мекунад дар ҷон ҳануз

Хӯрдаам аз дасти ишқати солҳо хӯни ҷигар

Аз нафас меоядам чун нофаи буии ҷон ҳануз

Раҳравони ишқ дар бидои савдоят ба сар

Солҳо рафтанд ва пайдо несташ поён ҳануз

Дар баҳоии як сари мӯяти ду олам май даҳум

Гар бад-ӣни қимат ба даст ояд , буд арзон ҳануз

Наргиси раъно , шабӣ дар хоби чашмат дида аст

Бар намедорад сар аз шарми ту аз бустон ҳануз

Бар сари кӯии худами дирузи нармак бо рақиб

Гуфт яъне зиндааст ин сахти ҷони салмон ҳануз ?

Дили зи даст дӯст менолад ки аз ишқаши ҷаҳон

Танг шуд бар ман куҷое эй дили нодон ҳануз