Ба меҳр рӯй ту хоҳам расед , зарраи мисол

намерасад ба замин поем аз нишоти висол

Маи дўҳФтаҳи дарин як ду рӯз хоҳам дид

Ки кас набинад аз он моҳ дар ҳазорон сол

Саводи зулф туам хоҳад омадан дар чашм

Ки буии анбар ту медиҳад насими шимол

Ба хоки пои азизат ки ташнааст лабам

Ба хоки пои азизат чу ташнагон ба зулол

Чаҳ дами занам чу расм бо ту он дамам бошад

Маҷол онкӣ кунам бар ту арзи сӯрати ҳол

Дилам ба пеши ту май хости ҷон фиристодан

Вале кабӯтари ҷонро набӯд қӯти бол

Кашидаам таби ҳиҷрат , басӣ ва дар шаби ҳиҷр

Набӯд бар сари салмон касе ба ғайри ҳол