эй ҷони нозанини ман эй орзӯии дил

Майл манаст сӯии ту майли ту сӯии дил

Бар орзӯӣ рӯй ту дили ҷон ҳаме диҳад

Вои ҳсрто ! агар надиҳӣ орзӯии дил

Чун ғунча бастаам сари дилро ба сад гиреҳ

То буии рози ишқ ту ояд зи буии дил

Ҷонро ба ёди ту ба сабо май даҳум ки ӯ

намеоварад зи сунбули зулфи ту буии дил

То дида дид рӯй туро рӯй дил надид

Бо рӯй дӯст худ натавон дид рӯй дил

Дигар ба дида дил надаҳум ман каз оби чашм

Ҳар бори худ дуруст наёяд сабуии дил

Салмон агар зи аҳли дилии ном дил мабар

Ҷон доданаст кори ту бе гуфтугӯии дил