Субҳи маҳшар ки ман аз хоб гарон бархезам
Ба ҷамолат ки чу наргис нигарон бархезам
Дар мақомӣ ки шаҳидони ғаматро талабанд
Ман ба хӯни ғарқаи кафани рақс кунон бархезам
Гарчи чун гули дгарон ҷома даранд аз ишқат
Ман чу сӯсан ба санои рутаб лисон бархезам
Чун шавам хок ба хокам гузарӣ кун чу сабо
То ба бӯяти зи замини рақс кунон бархезам
Умр бо сӯзи ту чун шамъ ба поёни орм
Нестам дӯд ки зуд аз сар он бархезам
Ту мапиндор ки аз хоки сари кӯии ту ман
Ба ҷафои фалаку ҷавр замон бархезам
Саргаронами зи хумори шаби дӯшини соқӣ
Қадаҳӣ то ман азин ранҷ гарон бархезам
Ду се рӯз аз сари саҷҷода бар онам салмон
Ки ба азми сафари кӯй Муғон бархезам