Мо рӯй дил ба хона хумор карда ем

Миҳроби ҷони зи абрӯӣ дилдор карда ем

Аз баҳри як пиёлаи дардӣ , ҳазор бор

Худро гарав ба хона хумор карда ем

Бар буии ҷуръае ки зи ҷомаш ба мо расад

Худро чу хок бар дар ӯ хор карда ем

Сармаст рафтаем ва ба бозорўи ҷуръаи вор

Ҷонҳо нисор бар сар бозор карда ем

Қандилро шикастау паймонаи сохта

Тасбеҳро гусаста ва зуннор карда ем

Зӯҳҳоди такя бар амал хеш карда анд

Мо эътимод бар карам ёр карда ем

Сӯфӣ макун муҷодала бо мо , ки пеши азин

Мо низ азин муомила бисёр карда ем

Имрӯз бо ту нест сару кори мо ки мо

Умри азиз бар сари ин кор карда ем

Афкандаем бори сар аз дӯш дар раҳат

Худро бад-ӣни тариқ сбкбор карда ем

эй муддаӣ барандӣ салмон чаҳ мекунӣ ?

Даъвӣ ки мо ба ҷурми худ иқрор карда ем