Мо ба даври бода дар кӯии Муғон осӯда ем
Аз ҷафоу ҷавру даври осмон осӯда ем
Дар ҳузур мо намегунҷад гаронии ҷузи қадаҳ
Ростии мо аз ҳузури ин гарон осӯда ем
Зоҳидам гуяд ки фардо хоҳам осуд аз биҳишт
Гӯ : бирав зоҳид биёсо мо аз он осӯда ем
Чарх дар кор заминасту замин дар бори чарх
Ҳар якеро ҳолатии мо дар миён осӯда ем
Ҳар киро май байнам аз кори ҷаҳон дар меҳнат аст
Кор мо дорем каз кори ҷаҳон осӯда ем
Пеш аз ин аз кибр агар судем сар бар осмон
Бар замин яксар ниҳодем ин замон осӯда ем
Садри ҷӯии боргоҳ қурб мегардад ба ҷон
Бар бисоти аҷз ва мо бар остон осӯда ем
Зини ду қурси гарму сард ҳафт хон осмон
Кас нёсудаст ва мо зин ҳафт хон осӯда ем
Дӯстон аз бӯстони ҷӯянди салмони мива ҳо
Мо ба анфоси насими бӯстон осӯда ем