Нахоҳам аз сари кӯяш , ба сад чандини ҷафо рафтан
Нишоед шери мардонро , ба ҳар захмии зи ҷо рафтан
Тариқи ошиқони доне , дарин раҳ чист эй раҳрав ?
Ғамашро пайравӣ кардан , балоро пешво рафтан
Бисоти ҳазрати ҷонон , ба сар бояд супурд эй ҷон
Ки ҷой сарзаниш бошад , чунон ҷое ба по рафтан
Мақоми каъбаи васли ту , давр афтодааст аз мо
На соз рафтанаст онҷо , маронеи барг норафтан
зи ғайрати хилвати дилро , з ғайрат кардаам холӣ
Ки ғайратро наме зебад , дарин хилвати саро рафтан
Ба буии зулфи мишкӣни ту то ҷон дар танам бошад
Ман бемор хоҳам дар паии боди сабо рафтан
Хаёлат ошноўр шуд дар оби чашми ман гӯйӣ
Чаҳ воҷиби ошноиро чунин дар хӯни мо рафтан
Азин дар ҳеҷ накушояд , туро салмони ҳаме бояд
Сари роҳии талаб кардан , паии кории фаро рафтан