Мифтоҳи футуҳ аз дар майхона талаб кун
Коми дўҷҳон аз лаби ҷонона талаб кун
Он ёр ки дар савмиъаи ҷустӣ ва надидӣ
Бошад ки тавон ёфт ба майхона талаб кун
Дар кӯии хароботи гарм кушта биёбӣ
Рӯи хӯни ман аз соғару паймона талаб кун
Мақсӯди дарин раҳ ба тасаввур натавон ёфт
Бархезу қадам дар нау мардона талаб кун
Ошиқ чу муҷаррад шуд ва дил кард ба дарё
Гӯ дар дили дарёи рӯу дурдона талаб кун
Ушшоқи тариқи вараъ ва зуҳд ндонанд
Зуҳду вараъ аз мардуми фарзона талаб кун
Тарки ғаму шодии ҷаҳони ғоят ақл аст
Сари риштаи ин кори зи девона талаб кун
эй дили ту агар сӯхтаи мансаби қурбӣ
Парвонаи ин шуғли зи парвона талаб кун
Сари сухани ишқи ту дар синаи салмон
Ганҷӣаст ниҳон гашта зи вайрона талаб кун