Ҷузи банди зулфаш эй дили девона ҷо макун

Бас нозукаст ҷониби рӯйиш раҳо макун

Аз ман дило манол ки додӣ маро ба даст

Кин ҷавр дида кард ту бар ман ҷафо макун

Дидаш нахусти дида ва рафтӣ ту бар асар

Худ рафтаеу дидаи шикояти з мо макун

Дарди муҳаббатӣ агарат дар дарун буд

Зинҳори ҷуз ба доғи ҷабинаш даво макун

Савдои машки холис агар дорӣ эй сабо !

Магзар зи чини зулфашу фикр хато макун

Як рӯзи ваъдае ба вафое бидиҳ маро

Вонгаҳи чунон ки одат туаст он вафо макун

эй дӯст ҳар ҷафо ки ту дории бадасти хасм

Бар ман бикун ва лек зи хешам ҷудо макун !

Ушшоқро кашӣдан ҷавр ва ҷафост ху

Салмон бирав ба меҳру вафои ху фаро макун