Омад он хусрави хубони ҷаҳон аз Бокӯ
намекунад қасди ҷаҳонӣ ва надорад бок ӯ
Қасд ҷон мекунаду ҷони ҳама олам ӯст
намехӯрам заҳри фироқу надиҳади тирёк ӯ
Чу расед он гули хушбӯи зи диёри Бокӯ
Ҳеҷ хавф ва хатараш нест зиҳӣ бебок ӯ
Хаста бар хоки раҳи афтодау чашмам бар роҳ
Дид ва бигузашту маро бар нагирифт аз хок ӯ
Гар ҳилоли хами абрӯӣ ту бинад маи нав
Рух ба шомӣ нанамояд дигар аз афлок ӯ
Ғунча гар башнавад ӯ васфи гул аз булбули боз
Доман аз шавқ кунад то ба гиребони чок ӯ
Ман чу сайдӣ ба каманди сари зулфаш шуда ам
То дигар кушта дар оўиздм аз фитрок ӯ
Агараш домани азин ғусса бигирам кӯи даст
Вагар аз ҷавр фироқаш бигурезам пок ӯ
Дар Фшонист ки кардаст дарин раҳи салмон
Мард бояд ки сухан гуяд аз идрок ӯ