Сӯзи ту куҷо гирад , дар хирман ҳар хомӣ ?
Мурғи ту фурӯ ноед , эй дӯст ба ҳар бомай
Марди раҳи савдоят , соҳиби қадамӣ бояд
Кони бодияро натавон , паймӯд ба ҳар гомӣ
Бади ном абад кардам , худро ва наме донам
Дрномаҳи аҳли дил , некӯтар азин номӣ
Аз ишқи ту зоҳидро дам гарм нахоҳад шуд
Зеро ки бидон оташ ҳаргиз нарасад хомӣ
Девона дилӣ дорам , короам наме гирад
Ҷуз бар дар хуморӣ , ё пеши длоромӣ
Аз ту назарии салмон , медорад ва май шояд
Дарвешӣ агар хоҳад , аз Подшаҳи анъомӣ
Лабро ба сухан бигушо , зеро ки надорад дил
Ғайр аз даҳанати комӣ ,у онгоҳ чаҳ хуши комӣ
Оғоз ғамат кардам , то чун буд анҷомаш
Ин нест аз он корӣ , конро буд анҷомӣ