Аз бори фироқи ту маро , кор хароб аст

Дарёб , ки кори ман аз ин бор , хароб аст

Пурсед , ки ҳоли дили бемори ту чунаст ?

Чун аст мапурсед , ки бемор хароб аст

Кӣ чашми ту бо ҳол ман уфтад ки шабу рӯз ?

ӯ хуфта ва мастасту марои кор хароб аст

Ҳушёри сиррӣ , каз май савдои ту маст , аст

Ободи дилӣ , каз ғами дилдор хароб аст

Ман мастаму фориғи зи ғами мӯҳтасиби имрӯз

Кӯ низ чу ман , бар сари бозор , хароб аст

Танҳо на манам , маст , зи хмхонаҳи ишқат

Каз ҷуръаи ҷомаш , дару девор хароб аст

Салмони з май ҷоми аласт ,аст чунин маст

То занн набарӣ каз хами хумор , хароб аст

Зоҳид чаҳ диҳии панди маро ? ҷомии азин май

Даракаш ки димоғи ту зи пиндор хароб аст