Ман хаёл ёр дорам ,гар касеро бар дил аст

Каз хаёл ӯ шавам , холӣ , хаёлӣ ботил аст

Чашми айёраш , ба қасди хоби ҳршб то саҳар

Дар камӣни мардум чашмасту мардум , ғофил аст

Ишқ , дар ҷонаст ва май , дар ҷому шоҳид , дар назар

Дар чунин ҳолат , тариқи порсое , мушкил аст

Бар намедорад ҳиҷоб , аз ҳўдҷи Лайлӣ , сабо

То хилоиқро шавад равшан , ки маҷнӯн , оқил аст

Мо зи дарёӣам , ҳамчун қатрау дарё , змо

Лекин аз мо дар миёни мо ҳиҷобӣ ҳоил аст

Ёр агар бо мо ба сӯрат мекунад , бегонагӣ

Сӯрат ӯро ба маънӣ , ошноӣ бо дил аст

Раҳматӣ бар ҷон салмон кун , ки раҳмат , воҷиб аст

Нотавониро ки бори афтода дар об ва гул аст

Нотавони ҷонро ба ҷон додан , расонидам ба лаб

Икдм эй ҷони хуши баро , кини охиринат манзил аст