Мастӣу ишқ аз азал , пешау ойини мост
Дайни ман инасту бас , кист ки дар дайни мост
Хоки раҳи мстбаҳ , зи оби Хизр беҳтар аст
Чашмаи нӯшин ӯ , ҷуръаи дӯшини мост
Риндӣу михўоргӣ , қисми ман имрӯз нест
Одати дерини дил , пешаи пешини мост
Бистару болини ман , то нашавад хоку гул
Хоку гули мстбаҳ , бистару болини мост
Кунҷи харобот агар маскан мо шуд , чаҳ шуд ?
Ганҷи ду олам ба нақд , дар дили мискини мост
Нақш ванигор чаҳон , ҳеҷ мубин дар ҷаҳон
Кончаҳ назар мекунӣ , нақши нигорин мост