Имшаб , чароғи маҷлиси мо , дар гирифта аст

Дар тоби рафтау сухан , аз сар гирифта аст

Парвона чун маҷол бурун шуд зи кӯии дӯст

Ёбад бад-ӣни тариқ , ки ӯ дар гирифта аст

Зоҳир намешавад , асари субҳи гўиё

Дӯди дилам , даричаи ховар , гирифта аст

Доне ки чист , мояи он лаъли оташин ?

Комрўз , боз , дар қадаҳи зар , гирифта аст

Хӯни ҳароми мост ки соқӣ , ба рӯзгор

Дар гардани суроҳеу соғар гирифта аст

Субҳ аз насими зулфи ту , икдм дамида аст

Олами ҳамаи шмомаҳи анбар , гирифта аст

Боди сабо ба буии ту дар боғ , рафта аст

Баси хирадҳо ки бар гули аҳмар , гирифта аст

Оташ ки андарунии асҳоб хилват аст

Шамъаши нигар , ки чун ба забон дар гирифта аст

Дил бо хаёли қади ту , бар раст дар азал

Зон рӯй рост , шакли санавбар гирифта аст

Шакли санавбарӣ ки дилаш , ном карда анд

Салмон ба ёди қади ту , дар бар гирифта аст