Ҳалқаи зулфи ту , сармоя ҳар савдое аст

Ғамзаи масти ту , сари фитна ҳар ғавғое аст

Рози сари бастаи зулфат , магушо , пеши сабо

Ки сабои ҳам нафасаши ҳаркас ва ҳар дам ҷое аст

Сӯрати хати ту дар хотир ман ме гузарад

Бози сари барзада аз хотири ман савдое аст

Дарди болои ту чинам , ки аз он болотар

Натавон гуфт , ки дар базми фалак , болоӣ аст

Ҳар касеро назарӣ бошад ва роеу маро

Дидан рӯй ту ройасту муборак рое аст

Дил савдо зада дар аҳд ту бастем ва барин

Аҳдҳо рафт ва нагӯйӣ ки маро шайдое аст

Бо ғам туаст агар ҷони маро оромӣ аст

Дар дили мост агар дарди туро маъвое аст

Як шаб аз дида мо нест хаёлат , холӣ

Шбрўии шаби ҳамаи шаб , дар паии шаб паймое аст

намеравад дил ба раҳи дида ва то чун бошад

Сафари дида , мубораки сафар дарёӣ аст