Бевафо мехондам , он бевафо , пайдост кист
Ман ба меҳраш май даҳуми ҷон , бевафо пайдост кист
Боз бемеҳру вафо , мехондам аммо ба гул
Меҳр натавон кард пинҳон , бевафо пайдост кист
Бевафо онаст кӯ бар гардад аз паймону аҳд
Мо бар он аҳдему паймон , бевафо пайдост кист
Ҷони фидоӣ ӯ шуд ва ӯ дод ҷонамро ба бод
Дар миёни ҷону ҷонон , бевафо пайдост кист
Субҳ бо гул гуфт к-эй гул нестат буии вафо
Гул ҷавобаш дод хандон , бевафо пайдост кист
Ёри гирам бевафо мегирадам , чун субҳдам
Бар ту чун хуршеди тобон , бевафо пайдост кист
ӯ итобӣ мекунад , аммо вафо , ме гуядам
Рӯи ту хуш мебош , салмон , бевафо пайдост кист