Бемори ғаматро ба ҷуз аз сабр даво нест
Сабраст давои ману дардо ки маро нест
Аз ҳеҷ тараф роҳ надорам ки зи зулфат
Бар ҳеҷ тараф нест ки домии з бало нест
Ишқаст миёни дилу ҷони ман ва бе ишқ
Ҳқо ки миёни дилу ҷони ҳеҷ сафо нест
Зоҳид диҳадам тавбаи з рӯй ту зиҳӣ рӯй
Ҳеҷаш зи худои шарму з рӯй ту ҳаё нест
Меҳрӣу вафое ки туро нест маро ҳаст
Сабрӣу қарорӣ ки туро ҳаст маро нест