Доғи савдои ту бар ҷони раҳе танҳо нест

Дар ҷаҳон кист , ки шӯридаи ин савдо нест

Ҳар ки гуяд ки манам фориғи азин ғам , ғалат аст

Ҳеҷ кас нест ки ӯ ғарқаи ин дарё нест

эй ки манъам кунӣ аз ишқ ки фардое ҳаст

Ман баронам ки шаби ишқи маро фардо нест

Шаби ҳиҷрон туро ҳаст ба ғояти асарӣ

Субҳ васласт ки ҳеҷаш асарӣ пайдо нест

Мурдагонро асари марҳаматат , зинда кунад

Ин назар бо дгаронаст туро , бо мо нест

Хабари ман , ки баради ғайри сабо , бар дар дӯст

эй сабо , хези туро силсилае бар по нест

Дил ва дайн кардае аз мо талаб ва ин саҳл аст

Мушкил инаст ки дайну дили мо бар ҷо нест

Оташи обу дили дидаи салмон , дили ту

Оқибат нарм кунад , сахттар аз хоро нест