Ошиқи сармастро , бо дайну дунё кор нест
Каъбаи соҳиби дилон , ҷузи хона хумор нест
Рӯй зарди ошиқон , чун мешавад гулгун ба май
Гар хами хуморро рангии зи лаъл ёр нест
Зоҳидигар май хиради уқбо , ба тақво , гӯ , бихар
Лоуболиро , сару савдои ин бозор нест
Аз сари ман боз кун соқии хирадро , кин замон
Бо хаёлаш хилватӣ дорам ки ҷонро бор нест
Талъаташ , ойӣна сунъаст ва дар ойӣна аш
Ҷумла ҳайронанду касро Зуҳра гуфтор нест
Шамъи могар парда бар медорад , аз рӯй яқин
Дар ҳақ оташ прессатон , баъд аз он инкор нест
Ҳол бе хобии чашми ман , чаҳ медонад касе
Ков чу ахтар ҳар шабӣ то субҳдам бедор нест
Домани васлаш ба ҷон аз даст додан мушкил аст
Варна ҷон додан , ба дасти ошиқон душвор нест
Дӯш бо дил , рози ишқ дӯст гуфтам , ғайраташ
Гуфт салмони бас , ки ҳар каси муҳаррам асрор нест