Хаёли наргиси мастат , бибаст хобам ро

Каманди турраи шастат , бабради тобам ро

Чу зарраи музтарибам , соя бар сар андозам

Дамии қарори даҳ , ошӯбу изтиробам ро

На ҷой туаст дилам ? бо лабат бигӯ охир

Иморатӣ бикун ин хонаи харобам ро

Насими субҳи ман , аз машриқ умед дамид

зи хоби субҳ дар оред офтобам ро

Фитодаам зи шаробӣ ки бар нахезад боз

Насим агар шунӯд , буии ин шаробам ро

Бирехт оби рухами дида бас кун эй дида

Ба пеши мардум аз ин пас марези обам ро

Саводи турраи ту , номаи сиёҳ ман аст

намедиҳанд ба дасти ман , он китобам ро

Манам бар онкӣ чу ҷаврат кашидаам дар ҳашар

Қалами кашанд , гуноҳон беҳисобам ро

Дили кабоб маро нест белабат , намакӣ

Сухан бигӯ намакӣ , бар фишон , кабобам ро

Хатое ар змн омад , ту илтифот макун

Чаҳ эътибори ?хитои ману савобамро ?

Ҳиҷоб нест миёни ман ва ту ғайр аз ман

Ҷуз аз ҳаво , ки бар андозам ин ҳиҷобам ро

Ҳазор наъра зад аз дарди ишқи ту , салмон

Нагашт ҳеҷ яке мултафит , хитобам ро

Магар ба нолаи ман нарм мешавад , дили кӯҳ ?

Ки медиҳад ба забони садо , ҷавобамро ?