Ҳосилӣ , зини даври ғами фарҷом , нест

Дар ҷаҳони даврӣ , чу давр ҷом нест

Гарчи давроне хушаст , айёми гул

Хуштар аз даврони ишқ , айём нест

Рӯзи ҳасани дилбаронро шом , ҳаст

Бомдоди ошиқонро шом , нест

Соқиои ҷомӣ ки моро беш азин

Барги ному нанги хос ва ом нест

Кори хоми мо лабат созад , на май

Зонк кори пухтаи кори хом , нест

Фосиқон , бадному солеҳ , неки ном

Орифонро дар миён , худ ном нест

То чаҳ хоҳад шуд маро , фарҷоми ишқ

Зоҳиран ишқи марои фарҷом , нест

Нола мегуяд ба овози баланд

Қиссаи мо ҳоҷат пайғом нест

Пеши мо борӣ надорад ҳеҷ кор

Ҳар ки соҳиби дарду дард ошом нест

Ҷони салмон то насим дӯст ёфт

Аз ҳавояш чун насим , ором , нест