Моро ба ҷуз аз ишқи ту , дар хона касе нест
Бинмоӣ рух , аз парда ки дар хона касе нест
Бурдор ма аз силсила то халқ бидонанд
Каз силсилаи дорони ту , девона касе нест
Фарзонатар мардум агар , зоҳид ва сӯфӣ аст
эй дӯст ба даврони ту , фарзона касе нест
Дар хилвати дил , сохтмт , манзилу онкас
Гар дил накунад , манзили ҷонона касе нест
Хумор ба ағёри мада , бода ки хом аст
Мутриб мазанаш дар , ки дар он хона , касе нест
Саргашта басӣанд , вале , онкӣ чу паргор
Дорад қадамии собиту мардона , касе нест
Дилгармии парвонаи даҳ эй шамъ ки дар ишқ
Имрӯз , ба ҷонбозии парвона касе нест
Салмон , матлаб , ёр ки бисёр биҷустанд
Зини ҷинс , дарин манзили вайрона касе нест
Ёрӣ ки ба комат бирасонад , зи дили худ
Дар давр , ба ҷузи соғару паймона касе нест