Ҳар ки чун сарвам , гул андомӣ надошт

Дар ҷаҳон , аз айши хуш комӣ надошт

Ҳар ки дар роҳаш , нишонро гум накард

Дар миёни ошиқон , номӣ надошт

Гуфт , пешат мефиристам , бод ро

Пешам омад , лек , пайғомӣ надошт

Сарви худро , бо қадаш мекард рост

Чун бидидам , нек андомӣ надошт

Ҳар ки сар , дар пой манзурӣ битохт

Ростӣ , некӯ саранҷомӣ надошт

Дил ба зулфат рафт , то сайдасту дом

Ҳеҷ сайдии ин чунин домӣ , надошт

Кард зоҳиди манъи ман , нишнид дил

Пухта буд ин дил , ғам хомӣ надошт

Ман лабатро , дил ба рағбат дода ам

Варна , бо салмони лабат вомӣ надошт