эй хусравӣ ки дасту дили комгори ту

Кори ҷаҳон ба теғ ҷаҳонгир ме кунанд

Шерони рояти ту ҳужаброни разм ро

Дар марғзори маърака ба нахҷӣр ме кунанд

Оёти фатҳро ба забону синону теғ

Пайвастаи авлиёии ту тафсир ме кунанд

Иқбол то ба домани ҷоҳи ту чанг зад

Ҳсоди нолаи зортар аз зер ме кунанд

Об аз ҳавои лутфи ту девона ме шавад

Зон дасту пои об ба занҷир ме кунанд

Мақсӯди мақарёни қиморӣ дуоӣ туаст

Зон нолаҳо ки дар шаб ва шабгир ме кунанд

Хуршеди тлътоу зрои ту ваҷҳи ман

Акнӯн сар моҳ рафт ки тадбир ме кунанд

Дар кори бандаи хираду бузурги ончӣ ростӣ аст

Тохирҳо намӯда ва тақсир ме кунанд

Анъоми шоҳ ва ҳукм амираст ва ман ғурем

Ваҷҳеаст доданӣ ба чаҳ тохир мекунанд ?

Акнӯн ба лутфи хеш азишон суол кун

То худ дарин қазия чаҳ тақрир ме кунанд

Бозори теғу калаки ту ҳамвора тези бод

То кори малики ростӣ аз тир ме кунанд