Чу аз ағёри маҷлиси гашти холӣ
Санам аз ҳол ҷам пурсед ҳоле
Ки : « он мискини ҳабибамро чаҳ ҳоласт ?
Дарин ғурбати ғарибамро чаҳ ҳоласт ?
Якояки қисса ҷамшед гуфтанд
Ҳадиси зарра бо хуршед гуфтанд
Ба ширини қиссаи Фарҳоди бурданд
Ба Вомиқи нома узро супурданд
Чу чашмаш бар савод нома афтод
зи мижгони ақд марворид бикшод
з назмаш дод ҷонро қӯту қӯт
з ашк орост луи луро ба ёқӯт
з бӯяш ёфт буии ошноӣ
Назар дид аз саводаши равшаноӣ
Саводаш чун саводи дидагон буд
Маъонии хубу алфозаши равон буд
Бар ӯ маънӣ ба ҷой худ нишаста
Чу мҳрўиии ниқоб аз машки баста
Гули андом аз қалами шукр равон кард
Маъонӣ дар баёни хат равон кард
Бар авроқи самани райҳон ҳаме кошт
Ба хомаи ҳоли ҳиҷрон арза ме дошт
Бар оварад оби ҳайвон аз сиёҳӣ
Мураккаб шуд равон дар чашми моҳӣ
Ҳарири чин ба пои хомаи паймӯд
Сари дебочаи он номаи ин буд :