Шунида ситам ки шопӯри зўолокноФ

Хусумат дошт бо шоҳии зи аслоф

Ба шаҳ гардид аз шопӯр дар ҷанг

зи баси ҷанги хусумат арса шуд танг

зи майдон ҷидол омад фирорӣ

Ба ҳсни шаҳр султон шуд ҳисорӣ

Бузади шопӯри даври шаҳри он шоҳ

Пай бигрифтан он шаҳри харгоҳ

Нарафт аз лашкару срхилу сардор

Ба қадари чаҳор сол аз пеш ӯ кор

Яке рӯз аз қазои шопӯри дилгир

Ба гирди шаҳри гаштии баҳри тасхир

Шаҳи он шаҳри зебо духтарӣ дошт

Ба чархи ҳасани рахшон ахтарӣ дошт

Сипоҳи ҳасан ӯ даврони гирифта

Ба хӯбии боҷ аз хубони гирифта

Ба сайри лашгари шопӯри онҷо

зи боми қалъа буд андари тамошо

Назари бози қазои афканд аз давр

Нигоҳи он парӣ бар рӯй шопӯр

Бишуд он духтари ширини шамоил

Ба тоқи абрӯии шопӯри моил

Ба пинҳонии сӯй ӯ дод пайғом

Кигар шопӯр мебахшад марои ком

Бакӯшам дрҳсўли муддаояш

Ба фатҳи қалъаи гирдами раҳнамояш

Дили шопӯр аз он пайғом шуд шод

Навиди васл бар духтар фиристод

Ба тамҳидӣ ки медонист духтар

Сӯии шаҳри падар сар дод лашгар

Нахустин кори кон лашгар намуданд

Падарро дар буриш бесар намуданд

Раҳи бедод бар рӯй раият

Гушӯданд аз барои қатлу ғорат

Ҳар он додӣ ки бояд дод донад

Ғубори шаҳрро бар бод доданд

Чу шуд шопӯри зи он ҷангу ҷадали фард

Ҳамон духтар ба ақди худ даровард

Сабоҳӣ дид шаҳ бар рӯй бистар

Ба хӯни олӯдаи сар то пои духтар

Тафаҳҳус кард чун маълум гардид

Яке барги гули андар бистараш дид

Ки аз ғлтидни он моҳи манзар

Шуда аз барги гули маҷрӯҳи пайкар

Таъаҷҷуб кард шопӯр ва бипурсед

Ки эй некӯи ниҳоли боғи умед

Падар ҳамчун ту сарви нави расида

Магари андар чаҳ бустони парварида

Ғизоятро ба тифлӣ аз чаҳ дода

Латофат аз чаҳ дар табъати ниҳода

Бигуфто зардаи тухмӣ наво дод

зи мағзи баррау мурғам ғизо дод

Шароб софем қӯт равон кард

Ки ҷисмамро чаҳ ёқӯт равон кард

Ғазаб олӯда шуд шопӯр бар вай

Бидон бе меҳри нораънои бузади ҳай

Ки эй дар бе вафоеи шуҳраи шаҳр

Набояд аз ту эмин буд дар даҳр

Падарро кин ҳамаи васфаши шимурдӣ

Ба чун ман душмании охири супурдӣ

Яқин дорам ки эй макори пари фан

Аз ӯ беҳтар нахоҳӣ буд бо ман

Бибасташ бар сами тавсани ду гесуӣ

Равон бинмуд дар ҳар шаҳр ва ҳар кӯй

Балӣ ( сомит ) вафоӣ даҳр инаст

Зану фарзандро ёрӣ чунин аст