Ихтилофи аҳли дили хўбси аҳл дил куҷост

Онкӣ ҳал созад яке аз ин ҳама мушкил куҷост

Рӯзгорӣ шуд ки саргардони дашти ҳайратам

Як нафар пайдо нашуд то гуядам манзил куҷост

Ғарқа дар дарёӣ худбинӣ шудам дардо ки нест

Нохудои комилӣ то гуядам соҳил куҷост

Лайлии моро ҳаме гӯйанд кандар маҳмил аст

Кас намегуяд кадомин корвон маҳмил куҷост

Ман ки ҳаргиз бар ҷунуни хеш мункир нестам

Бо ман маҷнӯн намегуяд касе оқил куҷост

Донаи умеди бас дар мазраъ дил коштам

Гар ҳақиқат дошт пас он донаро ҳосил куҷост

( сомто ) ҳар кас ба ҷузи ман давр аз дилдор монад

Пас дар ин дарга надонам банда мқбл куҷост