Табассуми лабат аз лаъл обдортр аст

зи фасли гули рухи хуби ту хуш баҳортар аст

Саманди тозии нозат ба қалбҳои хароб

зи Рахши рустамӣ эй шӯх роҳвортар аст

Фасоди зулфи ту дар ҷинати рахти ҳамаи ҷо

зи мору фитнаи Иблис ошкортар аст

Ба пеши ақраби зулфати хушам вале чаҳ кунам

Ки чашми шӯхи ту ҳар рӯз пойдортар аст

Ба душманон накунӣ ончӣ мекунӣ бо дӯст

Чаҳ шуд ки дӯсти зи душман бар ту хортар аст

Ба сайр лола махон ( сомто ) ббстонм

Ки чеҳраи ҷигар аз лола доғдортар аст

Сиёҳи бахтаму касро хабари з ҳолам нест

Магар касе ки зи ман тира рӯзгортар аст