Ба ғайри ҷилваи рӯяти маро баҳорӣ нест
Дигар маро ба хазону баҳор корӣ нест
Фидои бозуии сайди афканат ки дар офоқ
Нагашта захмии тири ғамат шикорӣ нест
Кашидам аз ҳамаи корӣ ба ғайри ишқати даст
Чу дидам онкӣ ба аз ишқи ҳеҷ корӣ нест
Ба ихтиёр кунад ҳар ки мекунад корӣ
Ба ҷузи маро ки дар ин кор ихтиёрӣ нест
Кунун ки гаштам ва дидам шудааст маълумам
Ки аз ту хубтар андари ҷаҳон нигорӣ нест
Мусалламаст бар аҳл ҳар диёри имрӯз
Ки дар диёри муҳаббат ба ҷузи ту ёрӣ нест
Баннои кори ту дар дӯстӣаст охири кор
Ба сулҳу ҷанги ту имрӯз эътиборӣ нест
Ту як дам аз ман бехонимон нае ғофил
Маро ба кӯии ту аз саркашӣ гузорӣ нест