Ҷузи меҳри ту эй маи сарукорам ба касе нест
Ҷузи хоки сари кӯии ту бар сар ҳавасӣ нест
Шуд лоли ҷарас дар раҳи ишқи ту чу донад
Хуштар зи фиғони дили пари хӯн ҷарасӣ нест
Рӯзӣ ту кунӣ ёди асирон ки чу бинӣ
Аз мо ба ҷуз аз мушти парӣ дар қафасӣ нест
Гуфтӣ ки ба болин ту оем дами мурдан
Афсона агар нест марои ҷуз нафасӣ нест
Сари риштаи кори ду ҷаҳони рафтаи зи дастам
Зонрў ки ба зулфин туам дастрасӣ нест
Пиндоштами он дона холаст ба дом аст
Акнӯн шудам огаҳ ки раҳи пеш ва пасӣ нест
Байнед ғурураш ки пас аз куштан ( сомит )
намегуфт манам қотилу корӣ ба касе нест